Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

© PxhereЛиния электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст, то ду соли оянда ҳаҷми истеҳсоли барқ дар Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар шаҳри Гулистони Суғд ба беш аз 4 миллион кВт соат зиёд шавад

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Файзулло Авезов, директори Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло таъмир ва таҷдидкунии нерӯгоҳ, шурӯъ шуда дар назар аст, баъди ба охир расидани раванди корҳо дар соли 2023 тавоноии ҳамаи агрегатҳои Нерӯгоҳ то ба 174 мегават ё 4,1 милион кВт соат қувваи барқ дар шабонарӯз баробар хоҳад шуд.

"Дар маҷмӯъ бо татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” 50 мегаватт зиёд гардида, истеҳсоли миёнаи нерӯи барқ то ба 38 фисад афзоиш ёфта, таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии вилояти Суғд бо неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад шуд", - гуфт директори НОБ “Қайроққум”.

Ба гуфтаи Авезов ҳоло шаш агрегати нерӯгоҳ шабонарӯз 126 мегават, ки наздик ба 3 миллион кВт соат дар як шабонарӯз мебошад, барқ истеҳсол мекунанд.

Кошка сидит на дровах  - Sputnik Тоҷикистон
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

Нерӯгоҳи “Қайроққум” ба шабакаи ягонаи барқрасии вилояти Суғд пайваст буда, барқи аз он истеҳсолшуда ба шаҳру навоҳии вилояти шимоли кишвар интиқол дода мешавад.

Зимнан ба иттилоъи масъулини Идораи барқ, ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии муштариён дар вилояти Суғд бо дарназардошти фасли сол аз 17,5 то 18 миллион кВт соат баробар будааст.

Сохтмони неругоҳи барқи обии “Қайроққум” соли 1952 дар замони собиқ шӯравӣ ё СССР шурӯъ шуда, чархаи якуми он бо иқтидори 21 мегаватт дар таърихи 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. НБО “Қайроққум” дар маҷмуъ аз 6 агрегат иборат буда, 64 сол инҷониб бо иқтидори 126 мегаватт фаъолият дорад.

То баҳор об намерасад: эълони лимити барқ дар Тоҷикистон

Барои таъмир ва таҷдидкунии НБО “Қайроққум” Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳудуди 200 миллион доллар қарз ҷудо кардааст. Дар музояда ширкатҳои "Женерал Электрик"-и Фаронса ва "Кобра"- и Испания барои то соли 2023 бо харҷи 149 миллион доллар ба охир расонидани корҳо баранда шудаанд.

Дар ҳоли пурра таъмир шудани чархаҳо иқтидори истеҳсоли барқ ба 174 мегаватт ё 4, 1 милион кВт соат расонида хоҳад шуд, ки кам ё беш аз як ҳисса аз панҷ ҳиссаи барқрасонӣ дар шимоли Тоҷикистонро таъмин хоҳад намуд.

Лентаи хабарҳо
0