Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

© Sputnik / Ростислав Нетисов / Гузариш ба медиабонкКошка сидит на дровах
Кошка сидит на дровах  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар шудани лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар навоҳии Тоҷикистон, ба нархи маводи сухт бетаъсир намондааст. Дар деҳотҷойҳо нархи ангишту ҳезум ва таппак боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Сокинон аз навоҳии кишвар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз балоравии қимати маводи сӯзишворӣ таъкид меварзанд.

Эргашбой як сокини ноҳияи Шаҳристон мегуяд, баъди бозгашти дубораи лимити барқ, нархи ангишт якбора дакка хурдааст.

"То чанд рӯзи пеш дар нуқтаҳои фурӯш як кило ангиштро бо нархи 1,6 сомонӣ мефурӯхтанд. Вале шурӯъ дирӯз қиммати ангишт ба 1,8 сомонӣ баробар шудааст. Чанд ҷой рафтем нарх ҳамин аст ва фурӯшандаҳо мегуянд, ки дар ҷояш қимат шудааст", - гуфт сокини Шаҳристон.

Дар ҳамин ҳол сокинон аз деҳоти дигар ноҳияҳо низ дар бораи гароншавии қимати маводи сӯзишворӣ ҳадс мезананд.

Мурод Олимов як сокини ноҳияи Деваштич мегуяд, ба дунболи болоравии қимати ангишт нархи ҳезуму таппак низ баланд шудааст.

Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Агар исроф кунанд...: ҳушдори намояндаи Ҳукумат аз дубора ҷорӣ кардани "лимит"-и барқ

"Як мошини портер ҳезум 1400 сомонӣ ва таппак ба 1000 сомонӣ баробар шудааст. Пештар бо 1200 сомонӣ ва 800 сомонӣ ин гуна маводи сӯхтро харидан имкон дошт", - иброз намуд, сокини ноҳияи Деваштич.

Кӣ шикоят дорад? “Барқи тоҷик” баъди "лимит" телефонҳои боварашро фаъол кард

Гуфта мешавад, ки бо шурӯъ шудани лимити барқ арзиши ангишту ҳезум ва таппак – сӯзишвории алтернативӣ дар рустоҷойҳои Тоҷикистон аз 10 то 20% баланд шудааст. Як фурӯшандаи ангишт дар ноҳияи ба номи Б. Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон изҳор намуд, ки якбора сард шудани ҳарорати ҳаво боиси тағйирёбии қимати ангишт шудааст.

"Ҳар сол дар фасли зимистон қимати ангишт боло меравад. Чун, ки дар ин фасл талабот ба ин мавод бештар мешавад. Қоидаи бозор ҳамин, ба моле, ки талабот бештар шуд, нархи он дакка мехӯрад. Гузашта аз ин нархи худи ангишт дар конҳо боло рафтааст", - гуфт ӯ.

Чанде қабл аз Идораи саноати ҳукумати Суғд иттилоъ дода буданд, ки давоми даҳ моҳи соли гузашта, шаш корхонаи истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар ба андозаи 1 миллиону 540 ҳазор тон ангишт истеҳсол кардаанд, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2019 (1565, 1) ҳудуди 25 ҳазор тон кам мебошад.

Раҳмон аз таъмини барқ гуфту ба сокинон ҳушдор дод: "лимит" ҷорӣ мешавад, агар...

Рӯзи 5 - уми январи соли ҷорӣ ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як иттилоияи расмӣ аз шурӯъи лимити барқ дар навоҳии кишвар расман эълон кард.

Бино ба эълони "Барқи тоҷик", "маҳдудияти барқрасонӣ аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад".

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат дар шарҳи эълони коҳиши барқрасонӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло вазъият ҷиддӣ буда, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об вуҷуд дорад, аз ин хотир, лозим аст, ки чанд муддат дар маҳалҳое, ки биноҳои баландошёна надоранд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ вуҷуд дорад, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0