ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Намояндаи Ҳукумат ҳушдор додааст, ки агар барқ исроф шаваду захираи об кам шавад, зарурати ҷорӣ кардани дубораи маҳдудият пеш меояд.
Дар ин бора "Ховар" дар истинод ба ҷаласаи васеи муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, "аз ҷониби намояндаи Ҳукумати мамлакат гуфта шуд, ки бо фарорасии фасли сармо ва афзоиши талаботи мардум ба неруи барқ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиатномаи махсус ба мардуми ҷумҳурӣ баромад карданд. Дар ин робита таваҷҷуҳи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он бояд ба ҷоннок кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаю сариштакоронаи неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ равона карда шавад."
"Вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд,", - гуфтааст ӯ.
Мақомоти Хуҷанд: нерӯи барқро боинсофонаву сарфакорона истифода намоед
Зеро ҳарчанд захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд, ҳушдор додааст намояндаи Ҳукумат.