Худкушии сокини 38 - сола дар Айнӣ: ҷасадашро аз дарё пайдо карданд

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҷотбахшон ҷасади сокини ноҳияи Айниро аз дарё пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд. Феълан омили ба худкушӣ даст задани мард дақиқ мешавад

ДУШАНБЕ, 7 январ - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз пайдо шудани ҷасади марди 38 - сола хабар медиҳад.

Награждение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барои наҷоти хоҳарон: Русия хонандаи тоҷикро бо ҷоизаи фахрӣ қадрдонӣ кард

Ба иттилои манбаъ, наҷотбахшони шӯъбаи КҲФ дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди шаҳри Левакант ҷасадро аз дарё берун оварданд.

КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд

Гуфта мешавад, марҳум сокини 38 - солаи ноҳияи Айнӣ мебошад. Ба эҳтимоли зиёд, ӯ бо мақсади сӯиқасд ба ҷонаш, худро аз обанбори НБО Левакант ба об ҳаво додааст.

Манбаъ меафзояд, бо берун овардани ҷасади беҷон, наҷотбахшон ӯро ба кормандони мақомоти марбута таслим намуданд.

Феълан омили даст ба худкушӣ задани марҳум норушан ва дар ин самт корҳои тафтишотӣ ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0