Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт

© Акс аз котиботи Вазорати маориф ва илмРаъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғ"
Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз мактаби № 28 - и шаҳри Панҷакент, баъди даҳ рӯзи сафар, бо беҳтарин дастовез аз шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент баргашт

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Чанде пеш озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Зуҳри рӯзи 22 декабр ба истиқболи Раъно Насриддинова ва дигар барандагони озмун масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент чорабинии фарҳангӣ доир намуданд.  

Олами адабиёт, зеботар аз интернет аст

Sputnik Тоҷикистон баъди бозгашти Насриддинова аз Душанбе ба Панҷакент бо барандаи “Шоҳҷоиза” -и озмун суҳбат доир намуд.

Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-и мактаби № 28-и ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ва дорандаи “Шоҳҷоиза” мегуяд,  озмуни “Фурӯғ” дар миёни ҷавонони кишвар як таҳаввулотро ба вуҷуд овардааст.

Народный поэт Аскар Хаким - Sputnik Тоҷикистон
"Сахт зид буданд": Аскар Ҳаким гуфт, чигуна роҳи Раъноро аз Суғд то Душанбе боз кард

"Рӯ овардан ба адабиёти миллат бисёр муҳим аст. Нисбат ба он, ки ба техника ва хонаи интернет зиёд фурӯъ равем, олами адабиёт хубтар ва зеботар аст”, - иброз намуд барандаи “Шоҳҷоиза”. 

Ишқи кӯдакӣ ба китоб

Раъно Насриддинова иброз медорад, ки шавқи китобхонӣ аз замони кӯдакӣ барояш зуҳур кардааст.

Барандаи “Шоҳҷоиза” таъкид меварзад, дар як солу ду сол тайёрӣ дидан ба ин ин гуна озмуни бузург кори душвор аст ва ҳар касе, ки мехоҳад дар ин инчунин чорабиниҳо номвар шаваду  ҷоиза ба даст орад, бояд меҳру муҳаббати комил ба адабиёт дошта бошад: “Бе заминаи хурдсолӣ ба китобхонӣ ба муваффақият ноил шудан кори душвор аст”.

Раъно дар дурдасттарин деҳот таҳсил мекунад. Ин хонандаи мактаб аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон миёни бештар аз 260 муаллими макотиб ва донишомӯзони донишгоҳҳо ғолиби мутлақ эълон шуд. 

Насриддинова ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки чи гуна аз хурдсолӣ ба осори адибони ҷаҳон дастрасӣ пайдо намудаст, гуфт, ки решаи ин падида дар тифлӣ дар қалбаш сабзидааст. Аз кӯдакӣ ба ҷамъ намудани осори адибони ҷаҳон мурур карда, ба ин ҳол аз онҳо самара андухтааст.

“Ман аз хурдсолӣ ба ҷамъ намудани осори адибони ҷаҳон сар кардаам. Ҳадди ақал тарҷумаи русии онҳоро ҷамъ мекардам ва ба худам мегуфтам, ки вақте бузургсолтар шудам инҳоро мутолиа мекунам. Ҳамон захираҳои солҳои хурдӣ ба ман, барои тайёрӣ дидан ба ин озмун махсусан дар номинатсияи чаҳорум имконият дод”, - нақл кард Насриддинова.

Дар шаҳрҳо бояд муҳити фарҳангӣ барқарор кард

Ғолиби “Шоҳҷоиза” интихоб намудани китоб аз рӯи категорияҳоро як кори басо душвор номид. Ӯ гуфт, тавсияаш барои онҳое, ки китобҳои хуб ёфта, мехонанд ин аст, ки бештар руҷӯъ кунанд ба муаллифи асарҳо.

Раъно Насриддинова, барандаи шоҳҷоизаи озмуни Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст - Sputnik Тоҷикистон
Барандаи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" эълон шуд

Зеро вақте, ки шарҳи ҳоли муаллифро мехонед, адабиётшиносону муқарризон  дар бораи ҷанбаҳои асари нависанда ё шоир дар бораи фантазия, лирика, драматизм ё идеализм таъкид мекунанд. Кадом ҷанбаи адабие, ки ба дарди худи хонанда хурад аз рӯи тарҷумаи ҳоли муаллиф, аз рӯи ақидаву андешаҳое, ки муаллиф дар замони зиндагиаш дошт, метавонанд интихоб кунанд.

Насриддинова дар бораи коҳиши шавқи китобхонии ҷавонон дар кишвар изҳори назар кард. Хароб будани муҳити фарҳангӣ дар шароити шаҳр, мегӯяд, ӯ боиси косташавии шавқии ҷавонон ба китобхонӣ шудааст. 

"Дар ҷомеаи Тоҷикистон китобхонҳо аз байни мардум ба ҳайси истисноӣ фарқ накунанд ва мо ҳама бояд ба китобхонӣ  рӯ биёварем. Ман фикр мекунам, ки агар ҳар хонаводаи тоҷик солим бошад ва китобхон бошад беҳтарин замина фароҳам мешавад ба ояндаи фарзандони онҳо”.

Ин хонандаи синфи 11-и шаҳри Панҷакент дар суҳбат гуфт, ки идеяи сохтмони китобхона дар зодгоҳаш аз ҳисоби маблағи ҷоизааш ақидаи худаш аст. Насриддинова зимни суҳбат мақсадашро баён дошт, ки бо бунёди китобхона дар оянда чӣ мехоҳад.

“Мақсади ман аз иҷрои ин кор, пеш аз ҳама ҷалби ононе, ки дар рушди соҳаи фарҳанг ва адабиёт имкониятҳои зиёд доранд, мебошад. Ин кор заминаеро барои кӯдакон дар рустоҷойҳо муҳити ободу солимеро барои китобхонӣ фароҳам хоҳад намуд”,- таъкид меварзад барандаи озмуни “Фурӯғ”.  

Раъно Насриддинова, барандаи “Шоҳҷоиза”-и озмуни беҳтарин китобхон кист?

Насриддинова Раъно Хуршедовна санаи 28 майи соли 2003 дар деҳаи Сори шаҳри Панҷакент дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Хуршед Насриддинов собиқ омӯзгори фанни физика буда, ҳоло дар соҳаи алоқа кор мекунад. Модараш Розия Нисоева аст.

Духтараки панҷакентие, ки Раҳмонро бо шеърхонияш дар ҳайрат гузошт, Шоҳҷоиза гирифт

Ӯ мегӯяд, баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуданист.

Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ аст ва бо се забон шеър менависад.

Раъно Насриддинова моҳи сентябри соли ҷорӣ дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Хуҷанд бар ҳамаи иштирокдорони озмун ғолиб дониста шуда, дар умум 28 ҳазор сомонӣ ҷоиза ба даст оварда буд.

Лентаи хабарҳо
0