Янгаро қатлу хонаи амакро ғорат карданд: боздошти Ҳадятулло ва шариконаш-видео

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи ҷиноятпеша хабар медиҳад, ки дар қатлу ғорат муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино ба гузориши телевизионии ин ниҳод, шаби 17 ноябри соли гузашта ду нафари ниқобпӯш ба манзили истиқоматии Камолова Шарофати 30-сола, ки бо писари ноболиғаш танҳо буданд, ҳамла кардаанд.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марде, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост ба ҷавонзан ҳамла кунад-видео

Ба иттилои манбаъ, ниқобпӯшон бо истифода аз он ки шавҳари Камолова дар хона набуд, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматӣ гашта, модару фарзандро латукӯб кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон бо скоч дасту пойҳояшонро баста, сипас бо роҳи буғӣ кардан Камолова Шарофатро ба қатл расонида, аз дохили ҳуҷраи онҳо 33 ҳазору 400 долларро рабудаанд.

Боздошти келини хонадон бо гумони ғорати хусур: 40 ҳазор сомониро рабудааст 

Вазорат ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти мазкур сокинони пойтахт Умед Мустфоеви 36-сола, Беҳрӯз Бекматови 32-сола ва  Ҳадятуллои Маҳмадназари 30-соларо боздошт кардааст.

"Тафтишот ошкор кард, хонае, ки мавриди ҳамла қарор грифтааст, барои Ҳадятуллои Маҳмадназар бегона нест, зеро ин хонаи амакаш буда, номбурда аз маблағдории ӯ огоҳ гаштааст",-мегӯяд, манбаъ.

Ҳадятуллои Маҳмадназар қабл аз содир кардани ҷиноят ба хонаи амакаш омада, нақшаи ҷойгиршавии манзил ва ҳуҷраҳоро ба шариконаш нишон додааст.

Зимни бозпурсӣ Ҳадятуллои Маҳмадназар гуфт, амакаш бо писару бибӣ ва аммааш ба хонаашон шаҳри Душанбе меоянд, баъди гирифтани маълумот, ки дар хона янгаву писари ноболиғ ва бобояш танҳоянд, ба шариконаш хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо маблағҳои дуздидаро мошинҳои гаронарзиш ва дигар ашёҳои қиммат харидорӣ кардаанд.

ВУД мегӯяд, оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, боздоштшудаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0