ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Тибқ иттилои ин ниҳод, санаи 19 декабри ҷавонзани 30 солаи сокини пойтахт ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи боло як нафар марди ношиноси тахминан 35-40 сола ба ӯ ҳамла намуда, мехост нисбаташ ҳаракату кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад, ки баъди садо баланд намудани ҷавонзан марди ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
Ҳамзамон зан пас аз ҳодиса ҳодиса ба мақомоти милитсия ҳозир гардида, бо навиштани ариза талаб намуд, ки нисбати амалҳои ғайриоқнунии марди ношинос, ки мехост ба у ҳамла намояд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Ин ниҳод мегӯяд, бо гузашти 1 руз аз шикояти ҷавонзан шахсияти марди ҳамлагар муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда Кенҷаев Бахтиёр Баҳруллоевичи 36-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор буда, қаблан 3 маротиба суд шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки номбурда дар гузаргоҳи зеризаминӣ мехост аз дасти ҷавонзани роҳгузар бо роҳи зуроварӣ ҷуздонашро кашида гирад, аммо бо сабаби доду фарёд бардоштани ҷавонзан боздоштшуда аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
Илова бар ин боздоштшуда ҳамзамон санаи 13 декабр дар маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти ҷавондухтари ноболиғ як адад телефони мобилии тамғаи “РЕДМӢ”, арзишаш 1500 сомониро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, ки дар натиҷа он низ ошкор гашт, афзудааст, манбаъ
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба дастгиршуда Кенҷаев Бахтиёр парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор ва тафтишот идома дорад.