ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳамакнун мутахассиси 47-сола Рустам Абдуллоев сардори нави раёсати доварӣ ва санҷиши Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд.
Ӯ дар ин вазифа Абдураҳим Бобоевро иваз кард, ки ба мақоми дигар дар сохтори ФФТ мегузарад, афзудааст, манбаъ.
Қаблан Рустам Абдуллоев дар вазифаи муовини директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекард ва инчунин ба ҳайси муовини раиси Кумитаи доварони ФФТ кор мекард.
Абдуллоеви 47-сола инструктори фитнес барои доварони Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.
Гуфта мешавад, ӯ дорои таҷрибаи хуб буда, дар чемпионати футзали Осиё-2018, чемпионати футзали занонаи Осиё-2018 ва чемпионати футболи Осиё-2019 кор кардааст.
ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2020-ро эълон мекунад
Дафтари матбуотии ФФТ дар бораи мақоми нави Абдураҳим Бобоев иттилоъ надодааст.