ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба ҳайати иштирокчиёни Конфронс барои боварӣ ва эътимодашон изҳори ташаккур намуд.
“Сарраввал мехоҳам ба ҷомеаи футболи Тоҷикистон барои эҳтирому бовариашон арзи сипос намоям. Вазифаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар уҳда доштан бароям масъулияти бузург аст. Итминон дорам, нафароне, ки футбол барояшон арзиши бузург дорад, боз ҳам дучанд заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи футболи кишвар саҳми муносиб мегузоранд”, - изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ.
Ӯ барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳияи нақша – чорабиниҳои мусобиқаҳои варзишӣ, алахусус футболро такозо намудаст.
Манбаъ афзуд, ки инчунин Оинномаи Кумитаи Иҷроияи ФФТ низ таҳрири нав ёфта, бар асоси таҳрири ҷадид 15 нафар узви Кумита интихоб гардиданд.
Ба ҳайати нави Кумитаи Иҷроияи ФФТ дар баробари Рустами Эмомалӣ, ноибони ӯ - Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов ва ҳамчунин Шоҳрух Саидзода, Аҳтам Абдуллозода, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов, Фатҳулло Ҷалилов, Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбонзода Ҳаким, Анваршо Мирзоев, Раҳмонзода Абдулло, Шариф Назаров ва Нурҷаҳон Исмоилзода шомил гардиданд.