ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро ироа карда, иттилоъ додааст, ки шабонурӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон нафар гирифтори коронавирус нагашт.
"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ то имрӯз, 3 январ дар кишвар 13300 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12980 нафар ё 97,6% шифо ёфтаанд.
Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Чигуна Тоҷикистон дар соли 2020 бемории коронавирусро аз сар гузаронд
Ҳамзамон, 230 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.