ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ван И, вазири умури хориҷии Чин гуфт, коронавируси нав дар аввал якбора дар чанд нукта хуруҷ кард.
Вазир дар суҳбат бо Синхуа таъкид кардаст, ки дар пайи ошкори вируси нав дар чанд нуқта мақомоти Чин фавран ба арзёбию муайянсозии манбаи аввали он пардохтанд.
"Вақте Чинро вируси номаълум фаро гирифт, ҷумҳурӣ фавран ба таҳқиқоти эпидемиологӣ сар карда, иттилои калидиро дар бораи он нашр кард ", - гуфт дипломат.
Ӯ зикр кард, Чин нахустин кишваре буд, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус иттилоъ дода буд.
"Мо дар сафи пеши мубориза бо дурӯғпароканӣ, талошҳои сиёсикунии масъала қарор доштем. Азмамон қотеъ буд, то инъикоси мунсифонаи масъала ва зеҳнияти муборизаи дастаҷамъӣ бо вирус бо дурӯғпароканиҳо таҳриф нашавад”, - таъкид намуд вазири Чин.
Инак қариб як сол аст, ки ҷаҳон дар мубориза бо пандемия қарор дорад. Сарчашмаи хуруҷи коронавирус шаҳри Вуҳани Чин арзёбӣ мешавад. Феълан ин маризӣ қариб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон роҳ ёфтааст.