Касе бистарӣ нест, ягон ҳолати COVID-19 сабт нашуд: омори солинавӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники в инфекционной больнице
Медицинские работники в инфекционной больнице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik.  Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар рӯзи аввали соли нав ва охирин рӯзи соли 2020 дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Медицинский работник в санитарном шлюзе городской клинической больнице - Sputnik Тоҷикистон
Хуштарин хабарҳои сол: имрӯз дар Тоҷикистон касе бо “вируси корона” сабт нашуд ва боз...

Вазорати тандурустӣ шоми якуми январ таъкид кардааст,  дар як шабонарӯзи охир 43 нафар аз  COVID-19 шифо ёфтаанд. Ҳолатҳои нави гирифторӣ дар ин муддат сабт нагардидаанд.

“Дар маҷмӯъ то имрӯз, 1 январ дар кишвар 13296 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12894 нафар ё 97,0% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки 312 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Қаблан Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорати тандурустӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд,  31 декабр, ягон нафар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо маризии “вируси корона” бистарӣ нест ва ягон нафар ҳам ташхиси гирифторӣ ба ин маризӣ сабти ном нашуд.

“Бино ба иттилое, ки то ин дам ба вазорат расид, тамоми шифохонаҳои машғул бо табобати “вируси корона” холӣ шуданд ва озмоишгоҳҳои кишвар касеро ҳам бо ташхиси гирифторӣ ба ин маризӣ сабти ном накардааст”,- гуфта буд Эмомалӣ Мирзо.

Лентаи хабарҳо
0