ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта 4 ҳолати нави гирифторӣ ба қайд гирифта шуда, 45 нафар аз COVID-19 шифо ёфтаанд.
“Дар маҷмӯъ то шоми 2 январ дар кишвар 13 ҳазору 300 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12 ҳазору 939 нафар ё 97,0% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Бар асоси иттилои расмӣ, феълан камтар аз 300 нафар беморони боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.
Қаблан Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки то 31 декабр ва 1 январ ягон нафар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо маризии “вируси корона” бистарӣ нашудаасту ягон нафар ҳам ташхиси гирифторӣ ба ин маризӣ сабти ном нашуд.