Хуштарин хабарҳои сол: имрӯз дар Тоҷикистон касе бо “вируси корона” сабт нашуд ва боз...

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в санитарном шлюзе городской клинической больнице
Медицинский работник в санитарном шлюзе городской клинической больнице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар арафаи Соли нави милодӣ хуштарин хабари худро эълон кард

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Эмомалии Мирзо, сухангӯи вазорат, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имрӯз, 31 декабр, ягон нафар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо маризии “вируси корона” бистарӣ нест ва ягон нафар ҳам ташхиси гирифторӣ ба ин маризӣ сабти ном нашуд.

Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Вазир умедвор аст, ки тобистони оянда сироятёбӣ ба COVID-19 пурра аз байн бурда мешавад

“Бино ба иттилое, ки то ин дам ба вазорат расид, тамоми шифохонаҳои машғул бо табобати “вируси корона” холӣ шуданд ва озмоишгоҳҳои кишвар касеро ҳам бо ташхиси гирифторӣ ба ин маризӣ сабти ном накардааст”,- гуфт Эмомалӣ Мирзо.

СҶБ: инсоният маҷбур аст бо коронавирус ба сар барад

Тоҷикистон амалан аз моҳи декабри соли 2019 барои мубориза бо “вируси корона” дасту остин бар зада, як соли қабл – моҳи январ барои пиёда кардани аввалин иқдомҳои худ оғоз намуда буд.

30 апрел соли равон Тоҷикистон аввалин 15 мавриди гирифторӣ ба ин маризиро эълон кард. Тибқи иттилои расмӣ, то ин замон 13 ҳазору 296 нафар ба ин маризӣ печида, 12 799 нафар ҷон ба саломат бурданд ва 90 нафари дигар ҳам ҷонҳои худро аз даст доданд. Иттилои ахири вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расман дар шифохонаҳои ин кишвар ягон мариз боқӣ намонда, як рӯзи гузашта ҳам касе ба он гирифтор нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0