ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода дар як паёми катбӣ, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, гуфтааст, ки 30 декабри соли равон охирин гирифторони бемории COVID-19 аз шифохонаҳои кишвар ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
“Ба ҳолати имрӯз, 31-уми декабр, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”, - омадааст дар паёми вазир.
Ӯ дар ин паём аз қавли Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2021 – ро барои кормандони соҳаи тиб соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок - бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа арзёбӣ кардааст.
“Соле, ки сипарӣ мегардад, барои кормандони соҳаи тандурустии мамлакат соли душвор ва пурмасъулият ба шумор меравад. Зеро, давоми соли ҷорӣ паҳншавии пандемияи COVID-19 дар баробари сокинони кишварҳои олам, ҳамзамон сокинони кишвари моро низ нигарон намуда, масъулияти табибонро дар назди ҷомеа боз ҳам бештар намуд. Бояд гуфт, ки табибони кишварамон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурданд”, - гуфтааст Ҷамолиддин Абдуллозода.
Тибқи иттилои ӯ, талошу заҳматҳои табибони Тоҷикистон дар самти мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар қадрдонӣ шуда, бо Амри Президенти Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати ин сироят дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шудааст.
“Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки 18 августи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ-Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд”, - гуфтааст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф мегӯяд, ин ҳолат маънои онро надорад, ки бемории коронавируси нави COVID-19 аз кишварамон пурра аз байн рафтааст ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки чораҳои пешгирикунанда, аз қабили пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастонро риоя намуда, худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ бидоранд, зеро, то ҳол дар баъзе аз нуқоти ҷаҳон ин беморӣ бедодгарӣ менамояд ва эҳтимоли паҳншавии мавҷи дуюми он аз байн нарафтааст.
“Албатта, он рӯз дур нест, ки мо ба ин беморӣ ғолиб меоем ва бидуни ниқоби тиббӣ бо ҳам озодона суҳбат мекунем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ бармегардем. Барои расидан ба ин марҳилаи хушҳолкунанда моро лозим аст, ки ба саҳлангорӣ роҳ надода, қоидаҳои пешгирикунандаи ин бемориро қатъиян риоя намоем”, - гуфтааст Ҷамолиддин Абдуллозода.
Санаи 30 майи соли равон Тоҷикистон аввалин 15 мавриди гирифторӣ ба ин маризиро эълон кард. Тибқи иттилои расмӣ, то ин замон 13 ҳазору 296 нафар ба ин маризӣ печида, 12 799 нафар ҷон ба саломат бурданд ва 90 нафари дигар ҳам ҷонҳои худро аз даст доданд.