ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ то имрӯз, 31 декабр дар кишвар 13296 нафар бо сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Вазорат таъкид доштааст, ки аз ин шумора то санаи зикргардида 12851 нафар ё 96,6% шифо ёфтаанд.
Гуффта шудааст, ки аз замони бурузи ин маризӣ дар кишвар то ҳол 90 нафар қурбон шуданд.
Вазорат қайд кард, ки 355 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон дар як паёми катбӣ, гуфтааст, ки 30 декабри соли равон охирин гирифторони бемории COVID-19 аз шифохонаҳои кишвар ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
“Ба ҳолати имрӯз, 31-уми декабр, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”, - омадааст дар паёми вазир.
Вазир дар паёмаш қайд кардааст, ки ин ҳолат маънои онро надорад, ки бемории коронавируси нави COVID-19 аз кишварамон пурра аз байн рафтааст ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ки чораҳои пешгирикунанда, аз қабили пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастонро риоя намуда, худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ бидоранд, зеро, то ҳол дар баъзе аз нуқоти ҷаҳон ин беморӣ бедодгарӣ менамояд ва эҳтимоли паҳншавии мавҷи дуюми он аз байн нарафтааст.
“Албатта, он рӯз дур нест, ки мо ба ин беморӣ ғолиб меоем ва бидуни ниқоби тиббӣ бо ҳам озодона суҳбат мекунем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ бармегардем. Барои расидан ба ин марҳилаи хушҳолкунанда моро лозим аст, ки ба саҳлангорӣ роҳ надода, қоидаҳои пешгирикунандаи ин бемориро қатъиян риоя намоем”, - гуфтааст Ҷамолиддин Абдуллозода.