ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Даврон Ахмедов, сардори Маркази мазкур мегӯяд, танҳо дар баъзе аз муассисаву ташкилот санҷиши мониторингӣ гузарониданд, ки баъзе аз камбудиҳо дар фаъолияти муассисаву ташкилотҳоро ошкор кардаанд.
“Нисбат ба 728 нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 139 ҳазору 838 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Ҳамчунин, фаъолияти 82 иншоот то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта манъ ва 22 парвандаи дигар ба суд ирсол гардид”, - хабар додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ахмедов.
Ӯ афзудааст, ки аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозор ва нуқтаҳои савдои дар минтақа фаъолияткунанда ҷамъ, 3 тоннаю 657 килограмм маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташон гузашта ва 22 навъи бозичаи кӯдаконаро муайян карда, аз муомилот боздоштанд, ки маблағи умумии онҳо 21 ҳазору 442 сомониро ташкил медиҳад.
“Кормандони марказ агар маҳсулоти пастсифат ё муҳлаташон гузаштаро сари вақт дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ошкор намекарданд, ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани шумораи зиёди шаҳрвандон аз эҳтимол дур набуд”, - таъкид намудааст Даврон Ахмедов.