ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Кӯлоб, барои фаҳмондани муҳтавои ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2020 дар бораи истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ гуруҳҳои махсуси корӣ таъсис ёфтанд.
“Барои мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда, муроҷиатномаи раиси шаҳр ба сокинони шаҳри Кӯлоб ва Амри раиси шаҳр ба тасвиб расида ва гуруҳои корӣ таъсис дода шуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, аз 17 декабри соли 2020 корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дар бораи сарфакорию сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқ таввасути автомашинаҳои сайёри таблиғотӣ бо баландгӯякҳо амалӣ шуда истодааст.
Ба иттилои ҳукумати Кӯлоб, гурӯҳҳои корӣ дар кӯчаю маҳҳала ва деҳот бевосита бо аҳолӣ оид ба муроҷиатномаи раиси шаҳр вохӯриҳо гузаронида, ба онҳо муҳтавои муроҷиатномаро фаҳмонда истодаанд.