Вазорати тандурустӣ ба маъюбону пиронсолон либосу озуқаворӣ тақсим кард

© пресс-служба Минздрава ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни боздид аз як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ба пиронсолону маъюбон туҳфаҳо тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ба бошандагони як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ туҳфаҳо, сару либоси зимистона ва маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шодихон Ҷамшед аз мушкилоти пиронсолони Тоҷикистон гуфт

Ба иттилои манбаъ, вазир бо чанд намояндаи вазорат аз ҷумла аз Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон, Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб дидан намуданд.

Абдуллозода зимни боздид аз Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" ба бошандагони муассисаи мазкур сару либоси зимистона ва туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Хатлон аз санҷиш гузашт: омодагии муассисаҳои тиббии Хатлон ба давраи зимистон

Дар доираи  иқдоми навбатии роҳбарияти вазорат ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед ба ноҳияи Ёвон рафта, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи мазкур туҳфаҳои соли навӣ тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи чунин иқдом инчунин ба як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, махсусан, ба бошандагони Хона-интернати ноҳияи Ҷаббор Расулов низ туҳфаҳо дастрас карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0