Шодихон Ҷамшед аз мушкилоти пиронсолони Тоҷикистон гуфт

© Пресс-служба президента РТПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонию рӯҳии пиронсолон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Рӯзи 23 июл, дар Маҷмааи давлатии Душанбе-Плаза оид ба “Таҳлили муқоисавии баъзе ҷанбаҳои сифати зисти пиронсолон дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2018. Даъватҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар доир гардидааст.

Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ, мизи мудаввар бо мақсади ошноӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонию рӯҳии пиронсолон дар Тоҷикистон, муайянкунии афзалиятҳо, мушкилиҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин коркарди пешниҳодот ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегия оид ба масъалаҳои пиронсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  баргузор гардидааст.

Роботи чашмкабуд- дастёри мизоҷон дар беморхонаи пиронсолон

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистондар ин чорабинӣ оид ба ҳадаф ва мақсадҳои баргузории мизи мудаввар, вазъи будубоши пиронсолон дар кишвар ва дигар паҳлуҳои мавзӯъ сухан гуфтааст.

Гашту гузори собиқадорони меҳнат дар Душанбе

Ҳамчунин дар мизи мудаввар ҳамоҳангсози Бюрои Урупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба масъалаҳои пиршавии солим, маъюбӣ ва нигоҳубини бардавом Манферд Хубер, мудири бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” Мирзоев, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  Қудратулло Қурбонов, намояндагони ташкилот ва муассисаҳои дар самти будубоши пиронсолон фаъолиятдошта ва дигар сохторҳои марбута ширкат намудаанд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба камтавонону пиронсолон ёрӣ расонд

Лентаи хабарҳо
0