Рустами Эмомалӣ гуфт, дар тими шаҳрдорӣ чанд нафар зананду чанд мард

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе гуфт, феълан дар мақомоти шаҳрдорӣ 195 хизматчии давлатӣ кор мекунанд, ки аксарияташонро мардон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Рустами Эмомалӣ, мувофиқи басти корӣ дар мақомоти шаҳрдорӣ 212 воҳиди корӣ муқаррар карда шудааст, ки аз ин 88 воҳид ба дастгоҳи раис ва 124 воҳиди корӣ ба бахшҳои дигари шаҳрдорӣ пешбинӣ шудаанд.

Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Файзов хостори таъйини бештари занон ба мақомҳои роҳбарӣ шуд

Аммо амалан дар соли равон дар шаҳрдорӣ 195 хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки танҳо ҳудуди чоряки онҳоро занон ташкил медиҳанд.

"Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии дар мақомот фаъолияткунанда 52 нафарро занон ва 143 нафарро мардон ташкил медиҳанд", - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Ба иттилои манбаъ, 26,7 фоизи хизматчиёнро дар шаҳрдорӣ занон ва 73,3 фоизро мардон ташкил медиҳанд.  

Шаҳрдорӣ мегӯяд, аз 52 зане, ки дар ҳукумати Душанбе кор мекунанд, 8 нафарашон дар ҳайати роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Лентаи хабарҳо
0