Роҳи Обигарм – Нурободро ширкати чинӣ месозад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевРемонтные работы на дороге
Ремонтные работы на дороге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ва намояндаи як ширкати чинӣ созишномаи сохти марҳалаи дувуми роҳи Обигарм ба Нурободро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Азим Иброҳим ва Гуо Бохан, намояндаи ширкати чинии “Zhejiang Communication Constraction group” бо имзои ин тавофуқнома заминаи оғози сохти марҳалаи дувуми роҳи байни шаҳраки Обигарм аз маҳалли сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то маркази ноҳияи Нурободро фароҳам карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар.

Иностранные студенты во время лекции на кафедре паталогической анатомии имени академика А.И. Струкова - Sputnik Тоҷикистон
Се роҳ: вазири маорифи Русия гуфт, донишҷӯёни бандмондаи хориҷӣ чӣ кор кунанд

Муддати иҷрои ин тарҳ 40 моҳ таъйин шудааст, ки шомили сохти 5 пули иртиботии ҷадид, кандани ду туннел дар кӯҳистон ба тӯли 3 километр ва бозсозии як пули қадимӣ мешавад.

Бо сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” теъдоде аз рустоҳову роҳҳои иртиботӣ дар ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон зери об меравад ва бояд сокинони ин манотиқ ба маконҳои дигар кӯч дода ва ҳаракати васоили нақлияву  мусофирон аз масирҳои нав анҷом шавад.

Вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки ширкати чинии муҷрии ин тарҳ ба тааҳҳудоти хеш барои сохти ин роҳи муҳим дар муддати таъйиншуда амал хоҳад кард. Зеро шохаи нахусти ин роҳ пас аз ноҳияи Нуробод то марзи Қирғизистон ва шохаи дигари он ба вилояти Бадахшон ва марзи Чин муттасил хоҳад шуд.

Бонки Рушди Осиё барои сохти ин роҳ 110 миллион доллар ихтисос додааст.

Лентаи хабарҳо
0