ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов сокини 49-солаи ноҳияи Вахш Маҳмадҷон Мирзоев ахиран дар пайи осеб дидан аз саги дайду ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Бино бар иттилои манбаъ, пас аз хамлаи саг Маҳмадҷон Мирзоев ба бемории ҳорӣ гирифтор шуда, билохира вафот кардааст.
Хоҳари фавтида Тиловат Мирзоева ба сомонаи “Фараж” таъкид намудааст, ки бародари ӯро як саги дайду моҳи июн дар манзили истиқоматиааш газида будааст.
“Ҳарчанд доруву дармони лозимиро гирифтааст, аммо вазъаш беҳ нашуда, рӯзи 31 октябри соли равон вафот кард”, - зикр намудааст Тиловат Мирзоева.
Дар ҳамин ҳол, Икром Барфаков, муовини сардори назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон қайд намудааст, ки давоми 10 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 512 нафар аз ҳайвонҳо осеб дидаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 ҳолат зиёдаст.
“Осебдидагон бештар аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Дустӣ, Шамсидин Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Ховалинг мебошанд”,- зикр кардааст вай
Тавре манбаъ навиштааст, сокинони вилояти Хатлон аз зиёд шудани сагҳои дайду дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулон хоҳиши безарар гардонидани онҳоро талаб доранд.