ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат ва ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат намуд.
Раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки саҳми Оқил Оқилов дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас буда, мавсуф солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Тоҷикистон фаъолият бурдааст.
“Имрӯз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон чун мамлакати рӯ ба рушд мешиносанд. Барои таъмини рушди соҳаҳои гуногун хизматҳои шахсиятҳое чун Оқил Оқилов назаррас буда, давлату Ҳукумат меҳнатҳои собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад”,- таъкид доштааст Аҳмадзода.
Ҳамзамон қайд зикр шудааст, ки дар охир Оқил Оқилов изҳори сипосмандии худро ба Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти вилояти Суғд баён намудааст.
Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Бӯстон Алла Ғаниева хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.