Ҳадяҳои Рустами Эмомалӣ ба 5000 ятимону маъюбон дар остонаи Соли нав

CC0 / jeshoots / Новогодние подарки
Новогодние подарки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ятимону, маъюбону нафарони эҳтиёҷманд дар остонаи Соли нав кумак кард

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба 5000 (панҷ ҳазор) нафар ятимони куллу маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. 

Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ҳакимзода хабар медиҳад, роҳбарияти мақомоти шаҳри Душанбе дар остонаи ҳар ҷашну  идҳо барои дастгирию кумаки табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус  ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои  Президент Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.

"Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд", - гуфт ӯ.

Рустами Эмомалӣ гуфт, соли 2021-ро Душанбе чи гуна пешвоз гирад

Ӯ афзуд, ки дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амалро имрӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ идома мебахшанд.

Лентаи хабарҳо
0