ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ахиран дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар километри 417 ва километри 64 ноҳияи Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар паи ин ҳодисоти табиӣ, касе зарар надидааст.
Барои рафъи паёмадҳои лағзиши тарма ва поксозии роҳҳо Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва ширкати "IRS" техникаи махсус ҷудо карданд ва ҳоло роҳҳо аз ду ҷониб бозанд.
Манбаъ афзуда, ки наҷотдиҳандагони гурӯҳҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзии худро идома медиҳанд. Ҳадаф таъмини амнияти ронандагон дар шоҳроҳҳо ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Аммо ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, бинобар гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва сипас сар шудани боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ, хавфи лағзиши тарма ва фурӯ рехтани сангҳо вуҷуд дорад.
"Дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, хатари яхбандӣ ва афтиши ғарафи барф боқӣ мондааст", - ҳушдор медиҳад Кумита.
Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои пурхатари кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Ҳамеша ҳушёриро аз даст надиҳанд.
КҲФ тавсия медиҳад, ки ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аз мақомоти марбута иттилои лозимиро дар мавриди вазъи роҳҳо бигиранд. Ҳангоми сафар қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд.