ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17, дар баъзе ноҳияҳо то 20-22 сард ва рӯзона аз 4-9 то 12-14 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 26-31 то 34-39 ва рӯзона то 18-23 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Ҳамин тавр, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Обуҳавошиносон ҳавои чанд рӯзи ахири соли 2020-ро пешбинӣ карданд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 7-12 то 15-17 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.