Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Ҳаводиси муҳими соли 2020 дар Тоҷикистонро дар тасвирбаёне ҷамъ овардем, ки аз интихобот то масҷидбандию тирпаррониҳо дар марзро фаро мегирад

Баҳори соли равон ҳайати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумон шуд.

Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон
Таъсири COVID: пайомади пандемия барои кишоварзӣ ва саноат дар Тоҷикистон

Баъдан пандемияи коронавирус сар заду дар макотиб таътил эълон шуд. Масоҷидро бастанд. Дар замони пандемия ситоди зиддиэпидемикӣ ташкил шуда, телефони боварӣ дар масоили коронавирус фаъол гардид. Барои паҳнсозии огоҳонаи бемориҳои сироятӣ – ҳабс аз 5 то 10 сол роҳандозӣ шуд.

Инчунин тибқи тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, истифодаи пасвандҳои славянӣ дар номгузории тоҷикӣ истисно шуд.

Сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ба 338 оила зиён расонду тирпарониҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки маҷруҳону кушта барҷой гузоштанд, аз ҳаводиси нохуши соли 2020 буданд.

Дар баробари ин соли равон мақомоти Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки ба далели камобӣ эҳтимоли камбуди нерӯи барқ ҷой дорад.  Аммо ахиран “Барқи тоҷик” аз лағви маҳдудиятҳои таъминоти барқ эълон карда, мардумро ба сарфакорӣ даъват намуданд.

Имсол инчунин 5 500-солагии Саразм таҷлил шуд. Интихоботи шашуми президенти Тоҷикистон аз ҳаводиси муҳими дигари соли 2020 буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дигарбора дар он пирӯз шуд.

>> Ҳаводиси 2019: аз задухӯрдҳои марзӣ то допинг, афв ва моҷарои пулфиристӣ

Лентаи хабарҳо
0