Фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст.
Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли 2020 ба истифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуд.
Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 448,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2020 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар соли 2020 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони хатлонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.
Дар маҷмӯъ, собиқ Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз оғози фаъолияти худлоиҳаҳои сармоягузории 77 субъекти соҳибкории вилоятро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгирӣ намудааст.