Тағйирот дар парлумон: Юсуфӣ раиси комиссия интихоб шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадраҳим Юсуфӣ раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Муҳамадраҳим Юсуфӣ раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони интихоб гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагон.

Гуфта мешавад, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадраҳим Юсуфӣ раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ин тағйирот дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид,  сурат гирифт.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Профессор соҳиби 5 фарзанд: раиси нави кумитаи иқтисоди Маҷлиси намояндагон кист

Мувофиқи он ба моддаҳои 1, 7, 23, 42, 50 ва 37,48 ва 162 тағйиру иловаҳо ворид карда хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0