ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолии бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.
Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 29-34 ва рӯзона аз 9-14 то 16-21 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳаво 8-13 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2-7 то 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.