Нархи воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкНефтяное месторождение им. В. Филановского
Нефтяное месторождение им. В. Филановского - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 11 моҳи соли равон Тоҷикистон вуруди маҳсулоти нафтиро 18 дарсад афзоиш дод, ки 90 дарсади ин маҳсулот аз Русия ворид карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, давоми 11 моҳи соли равон ҷумҳурӣ 540 ҳазор маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд мебошад.

Цистерны с топливом - Sputnik Тоҷикистон
Русия соли оянд наздики 1 миллион тонна нафт бидун боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон медиҳад

Манбаъ афзуд, ки нархи миёнаи маҳсулоти нафтӣ имсол дар қиёс бо соли пешӣ 15 дарсад арзонтар мебошад.

Дар баробари Русия, ки таъминкунандаи 90 дарсади маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон мебошад, маводи сӯхт инчунин аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ворид шудаанд.

Ба вуруди маводи сӯхт дар ҷумҳурӣ ҳудуди 50 ширкат машғуланд, ки калонтаринашон “Газпромнефт Тоҷикистон”, “Сеганҷа” ва Ожонси давлатии захираҳои моддӣ мебошанд.

Бар асоси дурнамо Тоҷикистон ният дорад, соли 2021 аз Русия 830 ҳазор тонна маводи сӯхтро ворид кунад, ки аз ин 260 ҳазор тон бензин,  310 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тон сӯзишвории ҳавоӣ,  30 ҳазор тон мазут, 40 ҳазор тон битум, 100 ҳазор тон кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тон гази моеъ мебошад.  Маводи сӯхти мазкурро Тоҷикистон метавонад бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия дастрас намояд.

Талаботи Тоҷикистон ба маводи сӯхт ҳудуди 600 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0