"Ишқи сархӯр": нашри китоби нави Кароматуллоҳи Мирзо

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе китоби нави нависандаи тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо таҳти унвони "Ишқи сархӯр" аз нашр баромад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Нашриёти "Адиб" аз ҳисоби фонди захиравии gрезиденти Тоҷикистон китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдак Кароматуллоҳи Мирзоро аз чоп баровард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Ногуфта намонад, ки  аз рӯи асари Кароматуллоҳи Мирзо "Дар орзуи падар"  соли 2003 филми ҳунарии бисёрсериягӣ ба навор гирифта шуда буд. Баъди тамошои ин филм маҳбубияту маъруфияти ин нависанда дар байни мардум афзун гардид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Нашри китоби ҷадид дар бораи президенти Тоҷикистон

Кароматуллоҳи  Мирзо  21 январи соли 1941 дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рудакӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Номбурда  соли 1963 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм намудааст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои повесту ҳикоя ва очеркҳои "Ситораи умед" (1980), "Маоши аввал" (1982), "Шанбе дар Кабудҷар" (1984), "Дарди ишқ" (1986), "Дар орзуи падар" (1987), "Суруди муҳаббат" (1988), "Ситораи Дилшод" (1986) мебошад.

Кароматуллоҳи Мирзо дар ҳикояҳои "Қадри модар", "Вохӯрӣ", "Айб аз худатон, додар", "Мо қарздор", "Одамшинос", "Аз мо савғо", "Деҳаро хоб мебинам" ва ғайра ашхоси беирода, худхоҳу манфиатҷўй, шӯҳратпараст, ҳанноту фиребгарро сахт маҳкум менамояд.

Дар ҳикояҳои "Сабақ", "Қадамгоҳи ёд", "Бахти зан" захми забони мардум ҳамчун қувваи бадӣ тасвир ёфтааст.

Аксар ҳикояву повестҳои Кароматуллоҳи Мирзо, аз ҷумла  маҷмӯаи повесту ҳикояҳои  ў "Муки любви" (1989) ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.

Ҳикояҳои ҷудогонааш ба забонҳои  гуногун  ба табъ расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0