Нашри китоби ҷадид дар бораи президенти Тоҷикистон

Обуна шудан
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Тоҷикистон дар бораи шахсияти кишвардор - Эмомалӣ Раҳмон китоби ҷадид нашр шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Китобро таҳти унвони "Шахсияти бузурги таърихсоз" муҳаққиқ ва рӯзноманигор, сардабири маҷаллаи "Маърифати омӯзгор" Шодӣ Шокирзода навиштааст.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин китоб ба муносибати Рӯзи Президент ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нашр шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Санъати китоб” шуд

Шодӣ Шокирзода китобро дар нашрияи "Меҳроҷ-граф" зери назари узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф  Имомзода чоп кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, китоб аз ду мақола — "Шахсияти бузурги таърихсоз" ва "Масъулият барои фардои миллат", ду гузориш -  "Ҳадиси дӯстӣ поён надорад" ва "Ганҷи бепоёни мо" ва ду муаррифиномаи китобҳои Пешвои миллат "Забони миллат –ҳастии миллат" ("Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ") ва "Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор" ("Ҷаҳони илму дарёи маонӣ") иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар мақолаҳои китоб сухан аз хидматҳои президенти Тоҷикистон меравад.

Ба андешаи муаллифи китоб, Эмомалӣ Раҳмон шахсияти волои таърихсоз аст.

Бо дастгирии Файзов: китоби "Бадахшон бо Эмомалӣ Раҳмон" нашр шуд

Асарҳои "Тоҷикон дар ойинаи таърих" (иборат аз чор китоб), "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ", "Забони миллат — ҳастии миллат" (дар ду китоб), "Чеҳраҳои мондагор" ва амсоли  инҳо аз ҷумлаи китобҳое, ки ба қалами Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0