Боздошти келини хонадон бо гумони ғорати хусур: 40 ҳазор сомониро рабудааст

© Sputnik Женщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як келини хонадон хабар медиҳад, ки дар дуздии пулҳои падаршавҳараш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Тибқи иттилои Офоқи Қодириён сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, командони ШВКД дар ноҳияи Панҷ зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур Мирзоев И. оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулияш, як нафар зан, сокини ноҳияи мазкурро дастгир намуданд.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки Ноилаи Тағоймуроди 22-сола, келини хонадон, дар ҷинояти дуздии маблағҳои пулӣ ба миқдори 40 000 сомонӣ аз хонаи падаршавҳараш даст дорад.

“Гумонбаршаванда аз фурсати ба худ муносиб, аз набудани хусуру хушдоманаш истифода намуда, вориди манзили истиқоматии онҳо мегардад ва аз дохили сандуқчаи чӯбин, дар се маврид 40 000 сомонии пасандози оиларо тасарруф менамояд”,-афзудааст, манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, номбурда маблағҳои тасарруфнамудаашро ба манфиати шахсияш сарф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба Мирзоев И. зарари ҷиддӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба гумонбар, сокини ҷамоати деҳоти "Озодагон", бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Феълан назари ҷониби гумонбаршаванда ва тарафи ҳимояааш оид ба қазия муаян нест. 

Ёдовар мешавем, ин дуввумин ҳодисаи ғорати падаршавҳар аз ҷониби келин аст, ки ВКД давоми якуним моҳи ахир хабар медиҳад.

Қаблан, мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб Абдуллоева Мусаллама Қиёмиддиновнаи 21-соларо боздошт карда буданд, ки дар дуздии 60 ҳазор доллаи падаршавҳараш муттаҳам мешуд.

Лентаи хабарҳо
0