Бо вуҷуди COVID-19: раиси Душанбе гуфт, ташкили ҷойҳои нави корӣ зиёд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевРустами Эмомали, архивное фото
Рустами Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, сарфи назар аз коронавирус ташкили ҷойҳои нави корӣ дар пойтахт афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Рустами Эмомалӣ зимни додани ҳисобот дар бораи натиҷаҳои кораш дар соли 2020 ба вакилони шаҳрӣ изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар шаҳр 33 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд.

Эмомали Рахмон и Рустам на предприятии ООО Гаюр-Пак - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи се кохонаи нав дар Душанбе: Раҳмон аз соҳибкорони Ватанӣ миннатдорӣ кард

Ӯ афзуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 800 ҷойи нави корӣ бештар мебошад.

“Ҳамзамон  дар натиҷаи ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳо ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо  беш аз 24 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Рустами Эмомалӣ.

Раиси Душанбе изҳор доштааст, ки новобаста аз таъсири бемории сироятии короновирус дар ин давра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.

Ӯ аз ҷумла изҳор доштааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби 475 корхонаҳои саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2 фоизро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0