Ифтитоҳи се кохонаи нав дар Душанбе: Раҳмон аз соҳибкорони Ватанӣ миннатдорӣ кард

Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо раиси шаҳр се корхонаи ҷадидро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи "Ваҳдат  текстайл", “Фирӯз бинокор” ва корхонаи “Асрори санг”-ро расман ифтитоҳ кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, субҳи имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми Корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон зери чанд қонуни нав имзо гузошт

Корхонаи мазкур аз ҷониби ширкати “Ваҳдат” ва Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев бунёд гардидааст.

Гуфта шудааст, ки таҷҳизот барои ин корхона аз ширкатҳои пешқадами Италия, Туркия, Германия ва Русия харидорӣ гардидаанд.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо ба истифода додани марҳилаи дуюми корхона ва воридоти таҷҳизоти насли нави корӣ дар баробари истеҳсоли ҷӯроб, ҳамчунин имконият фароҳам гардид, ки тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ — дастпӯшҳои корӣ ба роҳ монда шавад.

Фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори истеҳсолии “Ваҳдат текстайл”-ро афзоиш дода, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол расонида шуд, ки ин иқдом ҳам барои қонеъсозии талаботи дохилии мамлакат ва ҳам ба афзоиши иқтидори содиротӣ мусоидат намуд.

Бояд зикр кард, ки феълан ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин дар хориҷ аз кишвар низ серхаридор аст. 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад.

Инчунин имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ — ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фирӯз бинокор”-ро ифтитоҳ карданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ба аҳолӣ

Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — Толибҷон Ҳомидов бунёд шудааст.

Гуфта шудааст, ки дастгоҳу технологияҳои корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Чин ва як қатор давлатҳои аврупоӣ мебошанд.

Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар миқёси Осиёи Марказӣ феълан ягона буда, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар раванди истеҳсолот то ба 70 дарсад ашёи хоми ватанӣ истифода мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 90 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти сохтмонӣ буда, дар оянда имкони то ба 130-140 ҳазор метри мураббаъ расонидани он мавҷуд аст.

Корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе бепартов буда, ҳамзамон аз партови корхонаҳои истеҳсолии дару тиреза фаршҳо омода карда мешаванд.

Дар корхона истеҳсоли 10 навъи фаршҳои замонавӣ бо андозаҳои гуногун амалӣ карда мешаванд ва дар асоси дархости мизоҷон масъулон  имкони роҳандозии аз ин ҳам бештари маҳсулотро доро мебошанд.

Корхонаи севуме, ки аз ҷониби раисҷумҳур ва раиси шаҳр ифтитоҳ шуд ин корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” мебошад.

Бинои корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои “Асрори санг”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Шарифӣ бо тарҳи муосир бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, аз се ошёна иборат мебошад.

Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило аз Чин ва Олмон ворид карда шуда, дар корхона аз сангҳои табиии Тоҷикистон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанди ҳархела, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол карда мешаванд.

Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон: баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд

Дар маҷмуъ иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор адад маҳсулот буда, марҳила ба марҳила бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ин нишондод зиёд мегардад.

Сангҳои ороишӣ ва армуғони  корхона асосан ба Русия, Чин ва кишварҳои Аврупо содирот карда мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ду мағозаи фирмавии корхона ба фаъолият оғоз намудааст, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд аз он молҳои армуғонии аз сангҳои ороишӣ ва худҷило омодашуда харидорӣ намоянд.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, дар оянда бо ворид намудани технологияи нав аз Ветнам дар ин ҷо коргоҳи дӯхти либосҳои варзишӣ низ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки боз 50 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0