ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми як амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, дар хонаи истиқоматиаш дукони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ дар давоми 6 моҳи соли 2020 ба маблағи 7 ҳазору 497 сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
ВУД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки нисбати ин марди 58-сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон санаи 15 декабр зимни машварати корӣ дар робита ба фарорасии фасли зимистон ва афзоиши талаботи мардум ба неруи барқ таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуд.
Раисҷумҳур таъкид дошт, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқро риоя намоянд.
“Зеро ҳарчанд ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд”, - зикр карда буд Эмомалӣ Раҳмон.