Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон: баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономическая выставка-ярмарка СУГД-2019
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд таъкид доштааст, ки бо супориши Президенти Тоҷикистон санаи 7-8 ноябр дар чаҳор шаҳри вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст ва ин ярмаркаҳо дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ва шаҳрҳои саноатии Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ташкил карда шуд.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода иштирокчиëни барқароркунии сохти конститутсиониро аëдат кард

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.

Аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ, дар маҷмӯъ 273 тонна маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намоянд.

Ҳамзамон мақомот ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0