Касбҳои аз ҳама баландмузд дар соли 2021 номбар шуданд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкВрачи, архивное фото
Врачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳлилгарон гуфтанд, ки соҳаи тиб, мутахассисони амнияти иттилоотӣ, ва тиҷорати электронӣ баландтарин касбҳои музднок дар соли 2021 хоҳанд буд

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Кормандони тиб, мутахассисони соҳаи IT ва тиҷорати электронӣ дар садри рӯйхати ихтисосҳои баландтарин дар соли нав хоҳанд буд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти ҷустуҷӯи ҷои кори Superjob.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони бонк баландтарин маош мегиранд: пасттаринро кӣ?

Ҳамин тариқ, таҳлилгарони маркази тадқиқотӣ соҳаҳои серталаботро дар соли 2020 арзёбӣ намуда, пешниҳодҳои ҷории моҳи декабрро ҷамъ оварданд ва дар асоси онҳо пешгӯии соли 2021-ро пешкаш карданд.

Хадамоти Superjob гуфт, ки пандемияи коронавирус тасҳеҳоти худро ба амал овард ва мушкилотро дар соҳаи тандурустии ватанӣ шадидтар кард. Аз ин рӯ, норасоии шадиди ҳамаи кормандони тиббӣ дар бозори меҳнат вуҷуд дорад, на танҳо мутахассисони бемориҳои сироятӣ.

Коршиносон қайд мекунанд, ки дар охири соли ҷорӣ баъзе аз ҷойҳои кории аз ҳама баландтарини музднок дар соҳаи тандурустӣ пешниҳод карда мешаванд.

Масалан, рентгенолог дар Маскав метавонад ба маоши 250 ҳазор рубл, дар Зеленоград мутахассиси бахши эҳёгарӣ, ки дар "минтақаи сурх" кор мекунад, моҳе метавонад 200 ҳазор рубл ба даст орад.

Ҳоло, табибибони бемориҳои сироятӣ дар Маскав ва саратон дар Симферопол низ метавонанд чунин маош бигиранд.

Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаи хуби соли вазнин: муҳоҷиронро дар соли 2021 чи навгоние интизор аст

Дар мавриди барномасозон ва мутахассисони амнияти иттилоотӣ, ки ҳатто пеш аз бӯҳрон дар натиҷаи пандемия ба онҳо талабот зиёд буд, ҳоло бозори меҳнат дар фазои IT ба қадри имкон ҷолиб шудааст.

Тиҷорати электронӣ ва омӯзиши электронӣ беш аз пеш маъмул гаштанд ва аз ин рӯ, соҳа дар соли нав ба одамон ниёз дорад, то суръати афзоишро нигоҳ доранд.

Фармони нави Раҳмон баъди пешниҳодоти зиёд кардани стипендияю маош аз соли оянда

Қайд карда мешавад, ки пас аз кушодани марзҳо, авҷи сайёҳӣ ногузир аст ва соҳа аллакай на танҳо мутахассисон, балки "супер-мутахассисонеро меҷӯяд, ки ба тағирёбии заминаи мизоҷон" барои кушодани сайёҳии дохиливу хориҷӣ кумак мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0