Додугирифти Тоҷикистон бо Қазоқистон аз додугирифт бо Русия бештар шудааст

© Sputnik / Табылды КадырбековПробка из фур, архивное фото
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон додугирифти мол бо аксари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба истиснои Белорус ва Озорбойҷон коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ  дар соли 2020 беш аз 6% коҳиш ёфтааст, хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Агар Тоҷикистон ба ИИАО пайвандад, чӣ дигаргун мешавад?   - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар ИИАО чӣ интизор аст?

"Аз январ то ноябри соли 2020 додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6,2 фоиз коҳиш ёфт", - омадааст дар иттилоия.

Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

Дар маҷмуъ савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ҳудуди 2,1 миллиард долларро ташкил додааст, ки 50,9 дарсади маҷмӯи умумии савдои хориҷии кишварро ташкил додааст.

Ҳаҷми додугирифти мол миёни Тоҷикистону Белорус ҳудуди 84 дарсад ва бо Озорбойҷон 7,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Китайский рабочий. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мувофиқаи дуҷониба: Чин мутахассисонашро ҳар чӣ зуд ба Тоҷикистон мефиристад

Ба иттилои расмии мақомоти тоҷик, Русия ҳамоно яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, гардиши мол миёни ду кишвар тайи 11 моҳ ба 721,3 миллион доллар баробар шудааст, ки аз ин 25,5 миллион доллар ба содирот ва 695,8 миллион доллар ба воридот рост меояд.

Гардиши савдо бо Қазоқистон беш аз 795,8 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 300,4 миллион долларро ташкил додааст. Тавозуни савдои Тоҷикистон бо ИДМ манфӣ буда, воридот аз содирот 7,4 баробар зиёд мебошад.

Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли равон содироти мол аз Тоҷикистон беш аз 1,322 миллиарда долларро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0