Дар Тоҷикистон бори нахуст харитаи ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳоро омода мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевМузей Гиссарского заповедника
Музей Гиссарского заповедника - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутахассисони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори аввал харитаи мукаммали ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро омода менамоянд

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бостоншиносони Тоҷикистон таҳияи харитаи мазкуро бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ рӯи кор гирифтаанд, гузориш медиҳад "Ховар".

Дар харита, ки бори аввал омода мешавад, ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ёдгориҳо дақиқ муайян мегардад. Ин имкон медиҳад, ки дар  макони ҷойгиршавии ин ёдгориҳо  ҳангоми тақсими замин ҳудуди онҳо  ба назар гирифта шуда,   чун замини кишт ё қитъаи наздиҳавлигӣ истифода нашаванд.

Гуфта мешавад, буданд ҳолатҳоре, ки замини чунин маконҳо ҳамчун қитъаи назиҳавлигӣ ва ё қабристон тақсим гардиданд.

Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи намоиши ёдгориҳои Саразм кушода мешавад

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 адад ёдгориҳои меросии таърихию фарҳангӣ, 6 адад муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, миқдори зиёди осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин дигар ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ ва таърихию бостоншиносӣ  мавҷуд мебошанд.

То имрӯз бостоншиносон  харитаи ёдгориҳои таърихии ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳри Ҳисор ва Помири Шарқиву Ғарбиро омодаву чоп намудаанд.

Ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон дар осорхонаи Шарқ дар шаҳри Маскав – навор

Харитаи ёдгориҳои ноҳияҳои  Ёвон, Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Фархор низ барои чоп омода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0