Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи намоиши ёдгориҳои Саразм кушода мешавад

CC BY-SA 3.0 / Ibrahimjon / Национальный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон  аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон "Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм" эълон гардид

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2020 то моҳи сентябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 5500-солагии Саразм гӯшаи намоиши ёдгориҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Саразм, ки бафеҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ба намоиш гузошта мешаванд, хабар медиҳад агентии Ховар аз қавли мудири осорхона Абдувалӣ Шарифзода.

Мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода мудири ЮНЕСКО-ро ба ҷашни Саразм даъват кард

Гуфта мешавад,  бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон  аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон "Мамнуъгоҳи таърихиву бостонии Саразм" эълон гардид.

Шарифзода изҳор намуд, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррифи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. 

Дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” ва “Саразм” нуқтаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ шуд

Дар ошёнаи якум оид ба таърихи бостоншиносии Саразм, гӯшае бо аввалин бозёфтҳо аз ин макони таърихӣ фаъолияти доимӣ дорад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни таърихӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон ният  дорад, ки гӯшаи намоишгоҳро васеъ намояд. Ҳамчунин то санаи таҷлили ҷашни мазкур аз ҷониби кормандони осорхона тадқиқоти химиявии ҳар як ашёи бозёфтшуда гузаронида шуда, амсилаи як бинои Саразм сохта ва ба намоиш гузошта мешавад».

Бояд тазаккур дод, ки яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи эниолит ва аввали асри биринҷи Тоҷикистон деҳшаҳри Саразм мебошад. Он дар километри 15 –уми самти ғарбтари шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, зиёда аз 100 гектарро дар бар мегирад ва таърихи 5500-сола дорад.

Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента - Sputnik Тоҷикистон
Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ барои таҳияи рамзи 5500-солагии Саразм

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин табарчаи мисин, ки аз ҷониби А. Тайлонов соли  1976 дар ин мавзеъ пайдо гардида буд, ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин ҷо ашёи сангӣ низ мавҷуданд, ба монанди нӯги найза, зарфҳои хурди сангӣ ва зарфи калоне, ки аз санги мармар сохта шудааст. Инчунин муҳри гилин, сарсӯзанҳо, санг барои майда кардани донагиҳо, ки бо сифати баланд сохта шудаанд.

Абдувалӣ Шарифзода иброз намуд, ки  дар Осорхона бозёфтҳои он давра дар аксҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Маҳорати санъати тасвирӣ дар ин сафолпораҳо ва пораи деворнигораи мунаққаш бо тасвири чалипо (свастика) инъикос ёфтааст, ки он рамзи ориёиҳост.

Пас аз дастури Раҳмон: Аҳмадзода Суғдро барои таҷлили 5500-солагии Саразм омода мекунад

Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки намоиши муваққатии бозёфтҳои Саразми бостониро дар тамоми осорхонаҳои  мамлакат ташкил намояд. Он имкон медиҳад, ки насли имрӯза аз гузаштаи пурғановати хеш воқиф гардад.

Саразм қадимтарин манзилу маскану шаҳраки ниёгонамон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин аввалин ёдгории кишоварзону чорводорон, ҳунармандону меъморон дар таърихи мардуми ориёинажод мебошад.

Лентаи хабарҳо
0