Соли мотам: бузургони рафта дар соли 2020

Обуна шудан
Соли 2020 барои аҳли зиё, фарҳанг, маориф, низомӣ ва дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон талафоти бузург овард. Намояндагони зиёди барҷастаи тоҷик имсол моро тарк карданд

Албатта ба ин талафоти бузург ҳамагирии COVID – 19 бетаъсир намонд. Чун сатҳи даргузашт аз моҳи апрел ин сӯ якбора баланд шуд.

Пас аз расидани “пову қадами” коронавирус ба Тоҷикистон, ки расман аз он 30 апрел мақомот гузориш доданд ва ҳатто то хабари расмӣ, ҳамагуна хабар дар бораи даргузашти ин ё он нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомаофар мегардид.

Вакцинация от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Боиси зикр аст, ки оморҳои ҷамъовардаи Sputnik Тоҷикистон нишон доданд, ки соли 2020 нишондоди марг аз илтиҳоби шуш хело афзудааст.

Ва ё гоҳо наздикони фавтидагон иттилоъ медоданд, ки марҳум аз коронавирус даргузашт, аммо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тасдиқ ё инкор намегардид.

Ба ҳар ҳол, бино бар омори расмии вазорат, то имрӯз аз COVID-19 дар Тоҷикистон 89 тан аз коронавирус ҷон бохтаву шумораи гирифторон ба 12 ҳазору 960 нафар расидааст.

Донишмандону шоирон

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар соли 2020 донишмандоне  чун  - доктори илмҳои филологӣ

Абдусаттор Нуралиев , шоир ва рӯзноманигор Сардор Раҳдор, доктори илмҳои филологӣ, забоншинос Баҳриддин Камолиддинов, олими таърихшинос Баҳодур Раҳматовро аз даст дод.

Ҳамчунин халқи тоҷик ба сабаби  вируси корона бо муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, шоири халқӣ Гулназар Келдиро видоъ кард.

 Файласуф Мӯсо Диноршоев, доктори илмҳои филологӣ Муҳаммадқул Ҳазратқулов, муҳаррири Энсиклопедияи тоҷик ва узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Алишери Муҳаммадӣ, Саидмир Шомансуров – олими биолог, Исмоил Раҳматов – олими таърихшинос, Зуҳур Ёров - Олим, геолог, собиқ раиси Кумитаи сангҳои қиматбаҳои ҶТ, собиқ сардори экспедитсияи геологӣ-ҷустуҷӯии "Памирсэкспедитсия", Аълохуҷа Умарзод – риёзидон, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ – шоир,  Раҳим Марупов - арбоби шоистаи илм ва техника, Хурсандқул Ибодинов - астрофизики маъруф, собиқ директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ низ моро падруд гуфтанд.

 Соҳаи тибб

Пизишкон, ки дар давраи ҳамагирии коронавирус муборизони асосӣ ва қаҳрамонони замон буданд, худ қурбон ин вабо шуданд.

Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон
Таҷҳизоту ташхис куҳна: ноиби вазири тандурустӣ аз камбудиҳои даври коронавирус гуфт

Дар соҳаи тибб низ талафоти зиёде ба қайд гирифта шуд. Тоҷикистон пизишкони барҷастаро чун ҷарроҳи машҳури Тоҷикистон – Саидшоҳ Акрамов, саратоншинос - Фурқат Мансуров, аввалин ҷарроҳи дил дар Тоҷикистон – Икром Болтабоев, Озодалӣ Муъминҷонов табиби осебшинос ва собиқ мудири Бемористони марказии ноҳияи Ашт, Садриддин Раҳимов, мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Бемористони клиникавии Суғд, Абдумалик Ҳафизов муовини сартабиби Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд ва ғайраҳо аз даст дод.

Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Афзун бар ин бурун аз марзи Тоҷикистон, дар Русия Шавкат Ҳафизов, табиби сироятшиноси тоҷик қурбони коронавирус шуд.

Соҳаи фарҳанг

Соли 2020 ҳунармандони машҳурро аз мо рабуд, ки марги бархе аз онҳо нобаҳангом буд. Тоҷикистон фарҳангиёне чун -  Ҳунарманди мардумии Тоҷикисто – Савринисо Сабзалиева, оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршеди Алидодро аз даст дод.

Диктор, ровии чорабиниҳои сатҳи олӣ Мунира Ҳакимова, дар паи бемории COVID – 19 даргузашту сарояндаи эстрада, дорандаи ҷоизаи “Сарояндаи сол” Баҳром Ғафурӣ дар як садамаи нақлиётӣ ҷон ба ҳақ супурд.

Ҳамчунин овозхони маъруф -  Ҷурабек Назрӣ аз олам чашм пӯшид.

Сиёсатмадорон ва низомиён

Тоҷикистон дар баробари донишмандон ва табибон сиёсатмадорону низомиёни барҷастаро аз даст дод, ки ҳар яки онҳо дар таърихи Тоҷикистон саҳми босазое гузоштаанд.

Нахустин раиси Суди Олӣ – Шароф Маҳмудов, ки соли 1991 Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро имзо кард имсол аз дунё чашм пӯшид. Ҳамчунин сиёсатмадори барҷаста Сайфиддин Тӯраев, ки  соли 1992 номзад ба мансаби президентӣ шуда буд бар асари бемории “вируси корона” ҷон аз даст дод.

Мотам дар суди тиббӣ: даргузашти сармутахассиси 56 - солаи вазорати тандурустӣ

Дар ин миён генерал-майор Абдулло Ҳабибов, генерал майор Адулназар Абдуласанов, фармондеҳи пешини нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон - Абдураҳмон Азимов, раиси пешини дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ - Шамсзода Абдуҷабор Саймумин, муовини пешини вазри дифоъ - Абдусамад Самиев, генерал-майор - Зиёратшо Ғайратшозода, раиси пешини шаҳри Хоруғ - Назарбегим Муборакшоева, генерал-майор - Миллопар Бандишоев, собиқ раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе - Набӣ Шораҳмонов низ моро тарк гуфтанд.

Кадом шахсиятҳои барҷаста дар соли 2020 дунёро тарк карданд, аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0