ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Зимни мулоқот сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, аз талошҳои Афғонистон барои расидан ба сулҳ ҳимоят мекунад. Дар ин бора Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ба навиштаи ӯ, сарвазири Тоҷикистон гуфтааст: "Афғонистон аз дӯстон ва муттаҳидини Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва сулҳу субот дар Афғонистонро сулҳу субот дар Тоҷикистон ва минтақа медонад".
Расулзода ҳамзамон гуфтааст, умедвор аст талошҳои ҷорӣ барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон натиҷае бидиҳанд.
Ёдовар мешавем, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дошта, аллакай бо Маҳмадтоир Зокирзода, раҳбари Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар низ мулоқот дошт.
Тибқи нақшаи сафари ӯ, қарор аст фардо бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Ҳамзамон дар назар аст, ӯ бо шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон дидорбинӣ намояд.