ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси дафтари равобити минтақаӣ ва ҷаҳонии Шӯрои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, узви ҳайати ҳамроҳ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадафи ин сафар тарҳи дипломатияи минтақаӣ барои тақвияти асли моликият ва раҳбарии афғонҳо ва эҷоди иҷмоъи минтақавӣ дар заминаи ҳимоят аз раванди сулҳ аст.
Иҷмоъи минтақаӣ: Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд
“Ин яке аз ибтикорҳои Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳури исломии Афғонистон буда, пайваста ба сафарҳои минтақавии раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ сафари имрӯзашон ба Ҷумҳури Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи истиқрори сулҳ дар ин кишвар метавонад Афғонистонро дар раванди сулҳ ҳамкорӣ намояд”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: мардум хоҳони барқарории оташбас ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд
Қарор аст Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раҳбарони раддаи аввал, қабл аз ҳама раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом диҳад ва ҳамзамон бо шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон дидорбинӣ кунад. Сафари ӯ ду рӯз идома хоҳад кард.