Дар Қарабоғи Кӯҳӣ одамон талош доранд, ки зиндагиро пас аз ҷанг барқарор кунанд. Дар як рӯз беш аз 430 гуреза ба хонаҳои худ дар Қарабоғи Кӯҳӣ баргаштанд.
Нерӯҳои посдори сулҳи Русия амнияти ҳаракатро барои сокинон таъмин карданд. Аз Ереван 439 нафар бо автобусҳо ба Степанакерт оварда шуданд.
Нақлиётро пайроҳадорон ва пулиси ҳарбии нерӯҳои посдори сулҳи Русия ҳамроҳӣ мекарданд.
Русия инчунин расонидани кӯмаки башардӯстонаро ба Қарабоғи Кӯҳӣ идома медиҳад. Аз ҳашт шаҳри Русия 54 вагон бо кӯмаки башардӯстона бо вазни умумии тақрибан 1200 тонна ба Қарабоғ фиристода шуд.
Қаблан ба минтақа се вагони аввалини бор бо вазни беш аз 80 тонна бо ашёи зарурӣ ворид шуда буданд. Наҷотбахшони вазорати ҳолатҳои фавқулода алакай кумаки башардӯстонаро ба ҷойҳои лозима расонидаанд.
Инчунин дар Қарабоғи Кӯҳӣ низоми таъминоти барқ пурра барқарор карда шуд, интиқоли барқ барои беш аз 12 ҳазор нафар таъмин гардид.