Нобудсозии лавозимоти ҷангии ёфтшуда дар Степанакерт-навор

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия навори поксозии қисмати ҷанубии Степанакерт ва нобудсозии лавозимоти ҷангии ёфтшударо нишон дод

Сулҳбонҳои Русия корҳои барқарорсозиро дар маркази Қарабоғи Куҳӣ, шаҳри Степанакерт идома дода истодаанд.

Разминирование местности вдоль дороги Шуша – Лысогорский в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон
Навори безараргардонии роҳи Шуша - Лисогорск

Дар навори нашркардаи Вазорати дифои Русия нишон дода шудааст, ки чигуна Маркази байналмилалии безараргардонии минаҳо канораи ҷанубии шаҳрро тоза мекунанд.

“Айни ҳол иктишофии муҳандисӣ ва безараргардонии минаҳо дар атрофи сутунҳои ноқилҳои барқӣ қад-қади роҳи  Степанакерт – Шуша анҷом ёфта, ҳудуди 3,4 га ва 2,2 километр роҳ тоза карда шуданд", - изҳор доштанд котиботи Вазорати дифои Русия.

Дар маҷмуъ 96 лавозимоти ҷангӣ ва дигар маводи тарканда ёфт шудааст. Онҳоро дар майдони махсус безарар гардонданд.

Дар маҷмуъ низомиёни Русия беш аз 60 гектар қаламрави Қарабоғи куҳӣ ва 20 километр роҳҳоро тоза карданд.

Дар ин ҳудуд 1250 ашёи тарканда ёфта, нобуд карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки шаби 10 ноябр Русия, Арманистон, Озорбойҷон созишномаи сеҷониба дар бораи эълони оташбас дар Қарабоғи куҳиро имзо намуданд. Бар асоси ин тавофуқнома, Боку ва Ереван комилан амалиёти ҷангиро хотима дода, дар нуқтаҳои қароргирифтаашон хоҳанд монд. Арманистон муваззаф шуда буд, ки қисмате аз навоҳии Озарбойҷонро баргардонад.

Лентаи хабарҳо
0