Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи васеи корӣ баргузор кард

© Sputnik / Амир ИсаевУсмонали Усмонзода. Архивное фото
Усмонали Усмонзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва фаъолони пойтахт ширкат варзиданд.

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. 18 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ва иштироки роҳбарони гурӯҳҳои кории ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат дар ноҳияҳои пойтахт вобаста шудаанд, ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми боздид аз майдони сохтмони беморхонаи Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода ба Хатлон сафар кард

Дар ҷаласа муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва фаъолони пойтахт ширкат варзиданд.

Ҷаласа бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар он аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба татбиқи супоришҳои Пешвои миллат ба масъулини шаҳр ва ноҳияҳои он дастурҳои мушаххас дода шуд.

Зикр карда шуд, ки бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, дин ва танзими анъана, фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва фаъолону зиёиёни пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор карда шуда, арзи сипоси президент ба мардум ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи интихоботи президентӣ расонида шавад.

Лентаи хабарҳо
0