Қоҳир Расулзода ба Хатлон сафар кард

© котиботи ҳукумати ХатлонҚоҳир Расулзода, сарвазир ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми боздид аз майдони сохтмони беморхонаи Данғара
Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми боздид аз майдони сохтмони беморхонаи Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти ин сафар, ки ду рӯз идома меёбад, сарвазири Тоҷикистон аз се ноҳияи вилоят дидан карда, бо рафти иншоотҳои бунёдшаванда шинос мешавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Сафари кории Расулзода дар вилояти Хатлон, ки аз 17-уми декабр оғоз гардидааст, то 19-уми ҳамин моҳ идома меёбад.

"Зимни сафар  Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара боздид намуд", - менависад "Ховар".

Дар ҷараёни сафар аз марҳилаи ба истифододадиҳии хати оби тозаи нӯшокӣ, воқеъ дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳия дидан намуда, барои ба деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия кашидани хати оби мазкур супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Строитель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

Сипас сарвазир аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурт боздид намуд.

"Қоҳир Расулзода ва дигар меҳмонон бинои нави Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаро дар ҷамоати шаҳраки Совет мавриди истифода қарор дода, бо бархе нафақахӯрони ноҳия суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд", - афзудааст манбаъ.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода корҳои сохтмониро дар Коллеҷи тиббии байниноҳиявии ҷамоати шаҳраки мазкур назорат карда, барои мувофиқ ба талаботи сохтмонӣ бунёд шудани он дастур дод.

Дар идомаи сафари корӣ Расулзода, раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон ба ноҳияи Восеъ рафтанд. Дар ин ноҳия нахуствазир дар маросими ба истифода додани чанд маркази савдо ширкат кард.

Расулзода ба вилояти Хатлон сафар кард

Ҳамчунин ӯ зимни мулоқот ёдрас шуд, ки мардум қувваи барқро сарфакорона истфода баранд.

Лентаи хабарҳо
0